Як силсила чорабиниҳои «Созандагони Ватан» ба муносибати 20-солагии Артиш

Шурӯъ аз 1-уми феврал ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар саросари кишвар як силсила чорабиниҳо доир месозад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки дар доираи чорабиниҳо баргузории вохӯриҳои ҷавонон бо намояндагони […]

Аваз Юлдошев


Шурӯъ аз 1-уми феврал ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар саросари кишвар як силсила чорабиниҳо доир месозад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки дар доираи чорабиниҳо баргузории вохӯриҳои ҷавонон бо намояндагони Вазорати мудофиа, доир намудани озмуни «Ҳомиёни Ватан», боздид аз қисмҳои низомӣ, вохӯриҳо бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, барпо кардани озмуни мусиқавӣ, шанбегиҳо дар макони ба хок супурдани афроди зимни барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ҳалокшуда дар назар аст.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 195 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷашни 20-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳро дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карданианд. Рӯзи 23-юми феврал дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 6 ҳазор нафар сарбозону афсарони Артиши миллӣ гузашти низомӣ доир мегардад. Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи воҳидҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.