ВКД: Кушта шудани узви гурӯҳи террористӣ дар посгоҳи БДА-и Конибодом

Date:


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи рӯзи 14-уми январ дар посгоҳи БДА-и Конибодом иттилои расмӣ пахш кард.

«Рӯзи 14 январи соли равон тахминан соати 15.30-дақиқа аз ҷониби кормандони БДА Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Конибодом автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бо рақамҳои қайди транзитии таҳти идораи 2 нафар шахсони номаълум қарордошта боздошт гардида, барои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба майдончаи ҷаримавии ШБДА оварда шуд», – зикр мегардад дар иттилоъ.

Дар идома қайд мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи зикргардида ронанда ва мусофири он ба сӯи кормандони ШБДА аз яроқи оташфишон тир холӣ карда, якеро ба ҳалокат расонидаву дигариро захмӣ ва  ҷои ҳодиса фирор менамоянд.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ва ронандаву мусофири он муайян гардида, ҳангоми дастгир намудан ба кормандони милитсия муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд, ки дар натиҷа 1 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ нобуд карда шудааст.

Бино ба маълумоти ВКД, аз ҷои ҳодиса яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт шуда, барои дастгир намудани шахси дигар ва аъзои гурӯҳи террористӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...