Як силсила чорабиниҳои «Созандагони Ватан» ба муносибати 20-солагии Артиш

Date:


Шурӯъ аз 1-уми феврал ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар саросари кишвар як силсила чорабиниҳо доир месозад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки дар доираи чорабиниҳо баргузории вохӯриҳои ҷавонон бо намояндагони Вазорати мудофиа, доир намудани озмуни «Ҳомиёни Ватан», боздид аз қисмҳои низомӣ, вохӯриҳо бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, барпо кардани озмуни мусиқавӣ, шанбегиҳо дар макони ба хок супурдани афроди зимни барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ҳалокшуда дар назар аст.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 195 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷашни 20-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳро дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карданианд. Рӯзи 23-юми феврал дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 6 ҳазор нафар сарбозону афсарони Артиши миллӣ гузашти низомӣ доир мегардад. Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи воҳидҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related