Анҷоми маҷлиси васеи ҳукумат бидуни тағйироти кадрӣ

Date:


Маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бидуни тағйироти кадрӣ анҷом пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва шахсони расмӣ оид ба натииҷаҳои фаъолият дар соли 2012 шунида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид дошт, ки соли 2012 барои Тоҷикистон, новобаста ба бӯҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, соли бобарор ва заҳмати созандаю ободкорона буд. Ба гуфти ӯ дигаргуниҳо барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои молӣ идома ёфта, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта шуд.

Тавре зикр гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012 ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид ва дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 17,7 фоиз зиёд аст.

Рушди иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби соҳаҳои саноат 10,4 фоиз, кишоварзӣ 10,4 фоиз, гардиши савдои чакана 16,9 фоиз ва хизматрасонӣ 15,3 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил дод.

Нақшаи иҷрои даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,4 фоиз таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 140 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар охири маҷлис Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро дар соли 2012 мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дод ва вазифаҳои ояндаро барои иҷрои босамари дурнамою нақшаҳои амалкунанда мушаххас намуд.

Дастур дода шуд, ки барои таъмини иҷрои босифати дастуру супоришҳои дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида нақшаи мушаххаси чорабиниҳо таҳия ва амалӣ карда шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...