Анҷоми маҷлиси васеи ҳукумат бидуни тағйироти кадрӣ

Маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бидуни тағйироти кадрӣ анҷом пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва шахсони расмӣ оид ба натииҷаҳои фаъолият дар соли 2012 шунида шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид дошт, ки соли […]

ASIA-Plus


Маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бидуни тағйироти кадрӣ анҷом пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва шахсони расмӣ оид ба натииҷаҳои фаъолият дар соли 2012 шунида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид дошт, ки соли 2012 барои Тоҷикистон, новобаста ба бӯҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, соли бобарор ва заҳмати созандаю ободкорона буд. Ба гуфти ӯ дигаргуниҳо барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои молӣ идома ёфта, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта шуд.

Тавре зикр гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012 ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид ва дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 17,7 фоиз зиёд аст.

Рушди иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби соҳаҳои саноат 10,4 фоиз, кишоварзӣ 10,4 фоиз, гардиши савдои чакана 16,9 фоиз ва хизматрасонӣ 15,3 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил дод.

Нақшаи иҷрои даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,4 фоиз таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 140 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар охири маҷлис Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро дар соли 2012 мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дод ва вазифаҳои ояндаро барои иҷрои босамари дурнамою нақшаҳои амалкунанда мушаххас намуд.

Дастур дода шуд, ки барои таъмини иҷрои босифати дастуру супоришҳои дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида нақшаи мушаххаси чорабиниҳо таҳия ва амалӣ карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.