Боздошти як гурӯҳи террористони эҳтимолӣ дар Суғд

Date:


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як гурӯҳи афроди гумонбар ба узвият дар гурӯҳи террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» боздошт шуданд.

Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки рӯзҳои 9-10-уми январи соли равон зимни як амалиёт дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ шаш нафар боздошт шудаанд, ки се нафари онҳо ба даст доштан дар амалҳои террористӣ гумонбар буда, боқимонда паноҳгоҳи онҳоро таъмин кардаанд.

Ба қавли ӯ, дар ҷараёни амалиёт онҳо муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа як кормандони мақомоти интизомӣ ҷароҳат бардоштааст. «Боздоштшудагон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта, аз онҳо силоҳи оташфишон мусодира шуд», – гуфт Ш.Назаров.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки амалиёт идома дошта, дар бораи натоиҷи дигари  он иловатан хабар дода мешавад.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ нисбати 72 нафар аъзои гурӯҳҳои динии ифротгаро, аз қабили созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва «Ҷамоати таблиғ» 11 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, пас аз тафтиш ба баррасии суд ирсол гардидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...