Дар Тоҷикистон ба истифодаи сементи истеҳсоли Покистон ва арматураи истеҳсоли Чин зимни сохтмони биноҳои баландошёна иҷозат дода намешавад.
Раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки истифодаи арматураи истеҳсоли Чин дар сохтмони биноҳои баландошёна дар Тоҷикистон, ки дар минтақаи фаъоли заминларза воқеъ аст, хатарнок буда, аз ҷиҳати сифат он аз сементи истеҳсоли Русияву Украина пасттар аст.
Ба гуфтаи Комилов, дар ҷумҳурӣ ҳамчунин истифодаи сементи истеҳсоли Покистон низ ҳангоми бунёди биноҳои баландошёна манъ шудааст ва ба истифодаи он танҳо дар сохтмони биноҳои то сеошёна иҷозат дода шудааст. «Аз нигоҳи сифат сементи истеҳсоли Тоҷикистон аз сементи истеҳсоли Покистон хубтар аст», – иброз дошт ӯ.
Сабаби гаронии манзили зист дар пойтахти ҷумҳуриро номбурда ба воридоти масолеҳи сохтмон аз хориҷи кишвар, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ватании истеҳсоли семент бар асари камбуди гази табиӣ ва монеъаҳо дар интиқоли масолеҳи сохтмон тавассути роҳи оҳан марбут донист.
Комилов таъкид дошт, ки айни замон як метри мураббаъи манзил дар канори Душанбе – 650 $ ва дар маркази пойтахт – 1,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии мазкур, соли гузашта дар Тоҷикистон наздики 875 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.


