Озмуни ҲНИТ оид ба таҳияи рамзи ҷашнии ҳизб

Date:


Соли ҷорӣ 40-солагии таъсисёбии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва барои тайёр намудани рамз (логотип)-и «40- солагии ҲНИТ» ҳизб озмун эълон кард.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар рамз истифодаи рақами «40» ҳатмӣ буда, ба ҷой доштани рамзҳои исломӣ ва солҳои «1973- 2013» афзалият дода мешавад.

«Аз озмун санаи 16-уми феврал натиҷагирӣ шуда, ғолиби озмун бо ҷоизаву туҳфаҳо сарфароз гардонида мешавад», – гуфтанд дар қарогоҳи марказии ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷашни 40-солагии таъсисаш таҷлил мекунад. Нимаи моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ чунин тасмим гирифта шуд.

Таҷлили ҷашн бо ширкати меҳмонони хориҷию дохилӣ, масъулини ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ, аъзо ва ҳаводорони ҳизб сурат хоҳад гирифт. «Ҷашни мавриди назар бузургтарин ҷашн дар таърихи Наҳзат буда, дар саросари кишвар таҷлил мегардад ва ба ин муносибат ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» моҳи апрел ҳадди ақал дар ҳаҷми 40 саҳифа ба нашр хоҳад расид», – гуфта буданд дар қароргоҳи ҲНИТ.

ҲНИТ ба унвони ҳарифи асосии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. ҲНИТ соли 1973 дар шаҳри  Қӯрғонтеппа пинҳонӣ ба сифати гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ташкил гардида буд.

Феълан беш аз 40 ҳазор нафар аъзои ҲНИТ буда, дар палатаи поёнии парлумон ҲНИТ-ро ду нафар вакилон намояндагӣ мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related