Чанде қабл дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Раёсаи Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо мақомоти раҳбарии Палатаи савдои Чин оид ба тандурустӣ ва ҳамчунин як ширкати Чин оид ба коркарди рустаниҳои доруворӣ гуфтушунид анҷом дод.
Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ, ҷалби сармоя ба ин бахш тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак, дастрас намудани технологияи муосир оид ба коркарди рустаниҳои доруворӣ баррасӣ шуданд.
«Шариф Саид ба ҳамсуҳбатон роҷеъ ба шароити истеҳсол ва коркарди рустаниҳои доруворӣ дар Тоҷикистон, бахшҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ, муҳити сармоягузорӣ ва имтиёзот дар кишвар маълумоти муфассал дод», – гуфтанд дар ПСС ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони Палатаи савдои Чин оид ба тандурустӣ ва ҳамчунин ширкати Чин оид ба коркарди растаниҳои доруворӣ ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар бораи ба Тоҷикистон ташриф овардани онҳо ҷиҳати гуфтушуниди ҳамаҷониба тавофуқ ҳосил шудааст.


