Тоҷикистон боз дар радифи кишварҳои «ноозод»

Date:


Бар асоси гузориши тозаи ҳамасолаи Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии Хонаи Озодӣ ё Freedom House таҳти унвони «Озодӣ дар ҷаҳон» чун солҳои қабл Тоҷикистон ба шумори кишварҳои «ноозод» шомил шудааст.

Ба сафи кишварҳои «ноозод» тибқи гузориши соли 2013-и созмон, ҳамчунин Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Афғонистон, Куба, Ироқ, Уммон, Қатар, Ветнам, Камбоҷа, Бруней ва кишварҳои зиёди қитъаи Африқо аз қабиои Алҷазоир, Ангола, Чад, Эфиопия, Габон ва ғайра низ дохиланд.

Кишварҳои Украина, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Қирғизистон ва ҳамчунин Миср, Македония, Туркия, Венесуэла ва ғайра «қисман озод» арзёбӣ шудаанд.

Тибқи гузориши Freedom House, аз нигоҳи таъмини рушди ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ давлатҳое чун ИМА, Канада, Австралия, аксари кишварҳои Аврупо (Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Испания, Швейтсария, Нидерланд, Лаҳистон, давлатҳои скандинавӣ) ва ҳамчунин Чили, Уругвай, Коста-Рика, Капе-Верде, Микронезия ва ғайра пешсаф мебошанд.

Нишондиҳандаҳои бадтарин дар гузориш ба кишварҳои Кореяи Шимолӣ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Сомали, Судон, Гвинеяи Экваториалӣ, Эритрея ва ҳамчунин Туркманистону Ӯзбекистон нисбат дода мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related