Р.Раҳимов: Мо зидди истифодаи шиканҷа мубориза дорем

Date:


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати пешгириву бартараф кардани таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ тадбир меандешанд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВКД мубориза алайҳи шиканҷа мебошад.

«Барои таъмини тамоми ш

ӯ


ъбаҳои тафтишотӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар буҷет алҳол маблағи кофӣ мавҷуд нест, вале дар самтҳои дигар, аз ҷумла, дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида мешаванд», – гуфт ӯ ва дар ин робита аз соли гузашта ба Кодекси ҷиноятии кишвар ворид гардидани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ёдовар шуд.

«Гузашта аз ин, мо як маркази санҷишӣ таъсис додем, ки дар он ҳар як корманди милиса ҷиҳати коршоямӣ аз санҷиш мегузарад ва дар баробари дигар масоил, ӯ аз усули пешгирии шиканҷа низ бояд огаҳӣ дошта бошад. Ман шуморо мутмаин месозам: ҳар як корманди милисае, ки дар таҷрибаи корӣ аз шиканҷа истифода мекунад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт», – таъкид сохт Раҳимов.

Дар идома ӯ гуфт: «Набояд чунин фикр кард, ки мақомоти милиса танҳо ба шиканҷаи шаҳрвандон машғул асту дигар коре намекунад. Чунин ҳодисаҳо ҷой доранд ва мо бо ин падида мубориза дорем».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...