Нигаронии ВКД аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз афзоиши мизони ҷингояткорӣ миёни ноболиғон нигарон аст. Ӯ зикр кард, ки соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 626 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли аз ин пеш 80 ҷиноят бештар аст. «Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ миёни кӯдакону наврасон […]

Наргис Ҳамробоева


Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз афзоиши мизони ҷингояткорӣ миёни ноболиғон нигарон аст.

Ӯ зикр кард, ки соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 626 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли аз ин пеш 80 ҷиноят бештар аст. «Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ миёни кӯдакону наврасон бештар дар пойтахт ва навоҳии атрофи он ба мушоҳида мерасад», – гуфт ӯ.

Ба қавли вазир, ҳодисаҳои ҷанҷолу лату кӯб дар байни толибилмони макотиб, содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон бо истифода аз корд, ба маводи мухаддир рӯ овардан, ба дуздиву ғоратгарӣ даст задани онҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, мутахассисонро мебояд ин тамоили манфиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд», – таъкид кард Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт масъалаи огаҳиву пешгириии ҷиноят миёни ноболиғон муҳим аст, аз ин рӯ, кормандони милиса дар макотиб чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Дар ин робита вазир ҳамчунин ба масъалаи таълиму тарбия дар оила таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Ман бар ин назарам, ки афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон натиҷаи бемасъулиятии волидайн ва афроди наздику атрофи онҳо низ мебошад. Соли гузашта барои нодида гирифтани талаботи  қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз 3 ҳазор нафар волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд», – афзуд Р.Раҳимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.