Р.Раҳимов: Мо зидди истифодаи шиканҷа мубориза дорем

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати пешгириву бартараф кардани таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ тадбир меандешанд. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВКД мубориза алайҳи шиканҷа мебошад. «Барои таъмини тамоми ш ӯ ъбаҳои тафтишотӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар буҷет […]

Наргис Ҳамробоева


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати пешгириву бартараф кардани таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ тадбир меандешанд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВКД мубориза алайҳи шиканҷа мебошад.

«Барои таъмини тамоми ш

ӯ


ъбаҳои тафтишотӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар буҷет алҳол маблағи кофӣ мавҷуд нест, вале дар самтҳои дигар, аз ҷумла, дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида мешаванд», – гуфт ӯ ва дар ин робита аз соли гузашта ба Кодекси ҷиноятии кишвар ворид гардидани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ёдовар шуд.

«Гузашта аз ин, мо як маркази санҷишӣ таъсис додем, ки дар он ҳар як корманди милиса ҷиҳати коршоямӣ аз санҷиш мегузарад ва дар баробари дигар масоил, ӯ аз усули пешгирии шиканҷа низ бояд огаҳӣ дошта бошад. Ман шуморо мутмаин месозам: ҳар як корманди милисае, ки дар таҷрибаи корӣ аз шиканҷа истифода мекунад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт», – таъкид сохт Раҳимов.

Дар идома ӯ гуфт: «Набояд чунин фикр кард, ки мақомоти милиса танҳо ба шиканҷаи шаҳрвандон машғул асту дигар коре намекунад. Чунин ҳодисаҳо ҷой доранд ва мо бо ин падида мубориза дорем».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.