Зарифӣ: Масъалаи фурудгоҳи Айнӣ бо Русия баъдтар баррасӣ мешавад

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки масъалаи ба иҷораи Русия додани фурудгоҳи низомии Айнӣ пас аз амалисозии мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни кишварҳо, ки зимни сафари президенти Русия Владимир Путин моҳи октябри соли гузашта ба Душанбе  ба даст омада буданд, баррасӣ хоҳад шуд. «Моро ҳоло лозим аст, ки созишномаҳо дар […]

Аваз Юлдошев


Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки масъалаи ба иҷораи Русия додани фурудгоҳи низомии Айнӣ пас аз амалисозии мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни кишварҳо, ки зимни сафари президенти Русия Владимир Путин моҳи октябри соли гузашта ба Душанбе  ба даст омада буданд, баррасӣ хоҳад шуд.

«Моро ҳоло лозим аст, ки созишномаҳо дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ, иштироки Русия дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии ҷумҳуриро ба имзо расоем ва ҳамчунин Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон бояд дар парлумон тасдиқ шавад ва сипас метавон масъалаи фурудгоҳи Айниро мавриди баррасӣ қарор дод», – гуфт Ҳ.Зарифӣ.

Дар идома вазир зикр кард, ки зимни гуфтушуниди чанде қабл дар Душанбе анҷомёфта бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ҳарду ҷониб аз ҷараёни таҳияи Созишномаҳо дар бораи муҳоҷират ва таҳвили маҳсулоти нафтӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Қобили зикр аст, ки солҳои шӯравӣ дар фурудгоҳи Айнии воқеъ дар наздикии шаҳри Душанбе корхонаи таъмири чархболҳо амал мекард. Баъди таъмири фурудгоҳ аз ҷониби Ҳиндустон ба маблағи ҳудуди 70 млн. доллари ИМА, акнун фурудгоҳ тамоми навъҳои ҳавопаймоҳоро қабул карда метавонад.

Бино ба изҳороти чандинкаратаи мансабдорони воломақоми низомии Русия, ин кишвар ба фурудгоҳи Айнӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.