ВКД: Мо ба амалҳои имонпазири террористон дар соли интихобот омодаем

Рӯзи 18-уми январ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки амалиёти махсуси боздошти аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд идома дошта, тайи ҳафтаи ахир дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ беш аз 10 нафар афроди гумонбар ба узвият дар ин ҳаракат боздошт шудаанд. Яке аз журналистон ба вазир дар бораи тайи […]

Наргис Ҳамробоева


Рӯзи 18-уми январ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки амалиёти махсуси боздошти аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд идома дошта, тайи ҳафтаи ахир дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ беш аз 10 нафар афроди гумонбар ба узвият дар ин ҳаракат боздошт шудаанд.

Яке аз журналистон ба вазир дар бораи тайи ҳафтаҳои ахир ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ворид шудани даҳҳо афроди мусаллаҳ аз Афғонистон суол кард. Р.Раҳимов танҳо тасдиқ намуд, ки миёни боздоштшудагон шахсоне низ ҳузур доранд, ки ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карда, минбаъд то дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд расидаанд, вале аз ифшои шумори онҳо худдорӣ намуд.

Дар робита ба амалҳои террористӣ дар соли интихоботи президентӣ низ ба вазир суол доданд. «Ин соли таърихӣ аст. Мо омода буда, бо дигар мақомот дар ин самт ҳамкорӣ дорем ва имконоти худро баҳри муқовимат бо террористон пурзӯр менамоем», – иброз дошт вай.

Ӯ аз шаҳрвандон низ даъват ба амал овард, ки ҳушёр бошанд, зеро террористони имконпазир аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар шаҳрҳои бузурги кишвар манзил ба иҷора мегиранд, вале касе аз соҳибони манзил таваҷҷуҳ зоҳир намесозад, ки онҳо кистанд. «Дар ин самт ҳамкории мутақобилаи мақомоти милиса бо аҳолӣ зарур аст», – таъкид дошт вазир.

Бино ба маълумоти ВКД, соли 2012 аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил (соли 2011 – 4 гурӯҳ) ошкор ва безарар гардонида шуда, 18 нафар аъзои он дар 225 ҷиноятҳои вазнин даст доштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.