Суғд: Боздошти 2 соҳибкор барои пешниҳоди пора

Date:


Соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ барои порадиҳӣ ба кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд ду нафар соҳибкорон боздошт шуданд.

Сардори Раёсати мазкур Ҳусейн Оқилов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки директори ҶДММ «Хизмат-Сервис»-и ноҳияи Исфара А.Б. зимни пешниҳоди пора дар ҳаҷми 5 ҳазор доллари ИМА ва директори кооперативи истеҳсолии «Овчӣ-Ғончӣ» Ш.М. зимни додани пора ба маблағи 4 ҳазор доллари ИМА ба кормандони раёсат бо далелҳои шайъӣ боздошт шудаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, соли 2012 дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 29 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (соли 2011 – 32 далел) ва 2 ҳодисаи пешниҳоди пора ба онҳо ба қайд гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...