Имзои Барномаи ҳамкории ВКХ Тоҷикистону Русия барои соли 2013

Дар бустонсарои ҳукуматӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров доир гардид. Дар мулоқот инчунин ҳайатҳои ду кишвар иштирок намуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи созишномаҳоеро, ки зимни вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Россия ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи […]

ASIA-Plus


Дар бустонсарои ҳукуматӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров доир гардид. Дар мулоқот инчунин ҳайатҳои ду кишвар иштирок намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи созишномаҳоеро, ки зимни вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Россия ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар октябри соли 2012 ба даст омада буданд, инчунин ҳолати кунунӣ ва масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, соҳаи гуманитарӣ, амнияти сарҳадӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карда шуд. Вазирон инчунин ҷанбаҳои муҳими амнияти минтақавӣ ва вазъият дар Афғонистонро баррасӣ намуданд. 

Ҳамрохон Зарифӣ хусусияти стратегӣ ва дарозмуддати шарикии ду кишварро қайд карда, иброз дошт, ки амалӣ намудани вазифаҳое, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия гузошта шуда буданд, барои таҳкими минбаъдаи рабитаҳои стратегӣ хизмат хоҳад кард. 

Дар интиҳои мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвар «Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2013»-ро ба имзо расониданд. 

Бояд қайд кард, ки дар доираи Барномаи мазкур ҳамкории вазоратҳо роҷеъ ба масоили муҳими рӯзномаи робитаҳои дуҷониба, инчунин тайёр кардани кадрҳои Тоҷикистон барои хизмати дипломатӣ бо дастгирии ҷониби Россия дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дурнамои ташкили базаи таълимии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои тайёр намудани кадрҳои миллии дипломатӣ баррасӣ карда хоҳад шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.