Тасдиқи ҳатмии созишномаҳои сармоягузорӣ дар парлумон

Аз ин ба баъд тамоми созишномаҳои сармоягузорӣ, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба имзо мерасанд, бояд ҳатман аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба тасвиб бирасанд. Чунин шартҳо дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» дарҷ ёфта, он дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва […]

Аваз Юлдошев


Аз ин ба баъд тамоми созишномаҳои сармоягузорӣ, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба имзо мерасанд, бояд ҳатман аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба тасвиб бирасанд. Чунин шартҳо дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» дарҷ ёфта, он дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ Давлаталӣ Саидов зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон изҳор намуд, ки бо назардошти аҳамияти созишномаҳои сармоягузорӣ барои Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ барои ба сармоягузорон пешниҳод намудани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад.

«Ман мутмаинам, ки қабули қонуни мазкур дар самти гузариши иқтисодӣ миллӣ ба марҳилаи нави рушд иқдоми ҷиддие хоҳад буд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ҳамчунин ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба бахши азхудкунии боигариҳои зеризаминии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

«Мувофиқи бандҳои қонуни нав, аз ин ба баъд барои азхудкунии боигариҳои зеризаминӣ чун имрӯз дигар иҷозатнома дода нашуда, балки созишшнома ба имзо мерасад, ки дар он ҳатман масоили ҳифзи муҳити зист, шароити кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ба инобат гирифта хоҳанд шуд», – афзуд номбурда.

Вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ лоиҳаи қонуни мазкурро якдилона маъқул шумориданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.