Ширкати China Global new Technology imp. & exp-и Чин ба сохтмони корхонаи металлургӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон дар ҳаҷми тақрибан 500 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ин хусус зимни вохӯрии раиси Кумитаи мазкур Давлаталӣ Саидов бо бо роҳбарияти Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ибрози назар карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби сармоягузорони чинӣ иттилоъ дода шудааст, ки ширкат дар мувофиқа бо мақомоти болоии худ дар шаҳри Шанхай сохтмони корхонаи металлургиро бо дарназардошти на танҳо коркард ва истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ, балки кислотаи сулфат низ ба нақша гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки ширкати China Global сармоягузори асосии ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба шумор меравад, ки соли 2007 таъсис дода шуда буд. Моҳи декабри ҳамон сол дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сохтмони корхонаи коркарди маъдани «Зарнисор» оғоз гардида, айни замон иқтидори ин фабрика ба истеҳсоли 1 млн. тонна маъдан дар як сол баробар аст. Аз оғози фаъолияти корхонаи мазкур сармоягузорони Чин ба он 150 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ кардаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар корхонаи «Зарнисор» ба маблағи 320,9 млн. сомонӣ 23,4 ҳазор тонна хокаи сурб ва 37,3 ҳазор тонна хокаи руҳ истеҳсол шудааст. Ояндаи наздик мавриди истифода қарор додани хатти дуюми технологӣ ва то 2 млн. тонна расондани иқтидори солонаи корхона дар назар аст.


