Бег Зуҳуров: Нияти президентшавӣ надорам

Date:


Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров овозаҳои нияти президент шудан доштанашро фитнае беш намедонад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ин ниятҳоро комилан пайгирӣ надорад. «Тамоми андешаву имконот ва қобилиятам ба он равона шудаанд, ки дар мансаби таъинкардаи сарвари давлат пурсамар фаъолият дошта бошам. Ин ба супориши сарвари давлат оид ба сохтмони Кохи варзиш дар Кӯлоб низ дахл дорад», – гуфт ӯ.

Раиси Хадамоти алоқа ҳамчунин гуфт, «сабру таҳаммули беандоза ба хӯрдагириҳоро чанде аз журналистон ҳамчун заифии ман қабул карда, аз он истифода мекунанд ва ин ҷо сухан танҳо сари нияти президентшавӣ нест».

Қобили зикр аст, ки сохтмони Кохи варзиш дар Кӯлобро Бег Зуҳуров шахсан таҳти назорат қарор дода, ба лоиҳаи он як тағйироти назаррас ворид шудааст, ки шумори ҷойи нишасти он аз 1500 то 3000 афзуда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related