Эҳтимоли коҳиши 30%-и ҳайати шахсии ширкати «Тоҷик Эйр»

Date:


Мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз эҳтимоли коҳиши ҳайати шахсии ширкат ба андозаи 30% дар ояндаи наздик иттилоъ дода, изҳор дошт, ки ин ихтисор ба ҳайати техникӣ ва халабонону кормандони таъмини парвози ҳавопаймоҳо дахл нахоҳад дошт.

«Айни замон дар ширкат 720 нафар фаъолият дошта, минбаъд сохтор бозбинӣ ва дар заминаи ҳавопаймоҳои феълан мавриди истифода қарордошта ба роҳ монда мешавад, ки айни замон аз 36 адад ҳавопаймои дар тавозун мавҷудбуда аз 12 адад ҳавопаймо иборатанд», – гуфт вай.

Ба қавли мудири кулли ширкат, ахири соли 2012 ҶСК «Тоҷик Эйр» бинобар сабаби камдаромадиву худнокифо будан ва беҳбуди вазъи молиявии корхона, аз роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо ба сатҳои Исломободу Боку ва Деҳливу Дубай даст кашидааст.

«Мо эътироф мекунем, ки феълан вазъи ширкат он қадр хуб нест, вале ин ҳамааш муваққатӣ аст. Соли гузашта ҳиссаи «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми умумии ҳамлу нақл 20,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 7,7% камтар аст», – гуфт ӯ.

Фирӯз Ҳамроев ҳамчунин изҳор намуд, ки миқдори ҳамлу нақли мусофирон низ аз 471,2 ҳазори соли 2011 дар соли гузашта то ба 422,3 ҳазор нафар коҳиш ёфта, ҳамаи ин омилҳо ба вазъи молиявии ширкат таъсири манфӣ гузоштаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...