Кӯшиши табдили мағозаҳо ба масҷид дар ҷануби кишвар

Date:


Дар маркази маъмурии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон – шаҳраки Мӯъминобод соҳибони ду мағозаи хусусӣ баҳри табдили мағозаҳои худ ба гунаи масҷид кӯшиш ба харҷ додаанд.

Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз ин кӯшишҳо ҷилавгирӣ шудааст.

«Соҳиби мағозаи воқеъ дар кӯчаи Турсунзода як даромадгоҳи алоҳидае кушода, ошёнаи дуюми мағозаро ба макони адои намози ҷамоат табдил додааст ва боз як чунин ҷой дар мағозаи кӯчаи С.Назаров фаъолият мекардааст», – гуфт вай.

Ба қавли Абдулҳамидов, соҳибони мағозаҳо барои анҷом додани чунин амал иҷозати расмӣ надошта, гузашта аз ин, ин макон ба меъёрҳои баргузории чунин маросими динӣ мутобиқат надоштааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар шаҳраки Мӯъминобод, ки дорои 13 ҳазор нафар аҳолӣ аст, 4 масҷид, аз ҷумла як масҷиди ҷомеъ ва дар ноҳияи мазкур дар маҷмӯъ 51 масҷид бо шумули 4 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...