Тафтиши ҳодисаи садамаи нақлиёти дугоникҳо тӯл мекашад

Date:


Тафтиши ҳодисаи садамаи нақлиёте, ки субҳи рӯзи 23-юми декабр дар маркази шаҳри Душанбе рух дода, бар асари он бародарон – дугоникҳо Амир ва Тимур Пешковҳо (Ғуломовҳо) ва ҳамчунин дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расида буданд, тӯл мекашад.

Сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки сабаби тӯл кашидани ҷараёни тафтишот бемории сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян аст, ки он замон автомашинаи тамғаи «Лендровер» таҳти идораи ӯ қарор дошт.

«Н. Дериникян ҳоло пурра ба ҳуш наомада, вазъи имрӯзаи ӯ имкон намедиҳад, ки муфаттишон ҷузъиёти садамаро аз ӯ ҷӯё шаванд», – зикр кард Латифов.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 23-юми декабри соли сипаришуда ронандаи автомашинаи тамғаи «Лендровер», хатмкардаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав, сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян ҳангоми ҳаракат дар майдони Дӯстии хиёбони Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба бинои Почтаи марказии Душанбе (Главпочтамт) бархӯрд.

Бар асари бархӯрд таркиш ба вуқӯъ пайваста, дар ҷойи ҳодиса се нафар мусофирони «Лендровер» – Амир ва Темур Пешковҳои 24-сола ва ҳамсояву дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расиданд. Ронанда бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...