Дар нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар робита ба қазияи ширкати «Мовароуннаҳр» изҳор намуд, ки то имрӯз аз Суди олӣ ба вазорат дар бораи боздошти иҷрои қарори фурӯши иншооти нотамоми ширкати мазкур ҳеҷ асноде нарасидааст.
«Дар робита ба ин масъала ба мо ба маблағи умумии 64 млн. 260 ҳазору 46 сомонӣ 535 адад варақаи иҷро фиристода шуд, ки 530-тоаш ба шаҳрвандони маблағгузошта ба сохтмони манзил дар ҳаҷми беш аз 55,7 млн. сомонӣ ва сетоаш ба КВД «Тоҷиксуғурта», Вазорати тандурустӣ ва филиали «Тоҷиксодиротбонк» дахл доранд», – гуфт вай.
Ба қавли ӯ, ин масъала дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ баррасӣ шуда, ба вазорат аз шаҳрвандони ҷабрдида ҷиҳати манъи фурӯши иншооти ниматамом дархост расидааст, зеро онҳо барои идомаи сохтмон сармоягузор пайдо кардаанд. «Дар ин бора мо аз ВАО огоҳ мешавем ва оид ба муомилоти мизоҷон бо ҷавобгар мо дар даст ҳеҷ асноди ҳуқуқие надорем», – таъкид дошт вазири адлия.
Дар идома Рустам Менглиев зикр кард, ки тибқи қонунгузорӣ, ба ҷавобгар ва ҷабрдидагон ҷиҳати муштаракан ҳаллу фасл намудани тартиби қонеъ сохтани талабот имкон дода мешавад. «Дар ин ҳолат суд ё муомилоти мазкурро тасдиқ карда, фурӯши иншоотро бозмедорад ва ё худи ҷабрдида ба мо муроҷиат намуда, ҷиҳати ҳалли мустақилонаи масъала варақаи иҷрои худро талаб мекунад. Алҳол мо ҳеҷ кадоме аз ин ҳолатҳоро баррасӣ надорем», – афзуд Менглиев.
Дар ҳамин ҳол, санаи 14-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев изҳор дошт, ки аввали моҳи январ қарори Суди олии Тоҷикистон оид ба
аз «ҳоли ҳабс» озод кардани
иншооти ниматамоми ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» ҷиҳати иҷро ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ирсол шуд.


