«Барқи тоҷик» бузургтарин қарздор аз андоз боқӣ мемонад

spot_imgspot_img

Дата:


Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» бузургтарин корхонаи қарздори кишвар аз пардохти андоз аст.

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ба аввали соли равон қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» аз пардохти андоз беш аз 256 млн. сомонӣ (зиёда аз 77,5 млн. $)-ро ташкил медиҳад.

«Қарзҳои дигари бузурги воҳидҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об – 56 млн., ҶСК «НОБ Саннгтӯда-1» – 33 млн., ҶСК «Тоҷиктелеком» – 5,5 млн. ва ҶСК «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд – беш аз 4 млн. сомониро ташкил медиҳанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, қарзи аксари зиёди субъектҳо аз пардохти андоз 1-2 млн. сомониро ташкил дода, бо онҳо баҳсҳои судӣ идома доранд. «Дар муқоиса бо соли гузашта ба санаи 1-уми январи соли равон ҳаҷми бақияи қарзҳо аз андоз ба миқдори 109 млн. сомонӣ афзуда, ба 641 млн. сомонӣ баробар шуд», – гуфт раиси Кумитаи андоз.

Давлатов ҳамчунин гуфт, соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 5% барзиёд ба иҷро расида, аз нақшаи пешбинишудаи 4 млрд. 653 млн. сомонӣ ба буҷет 4 млрд. 881 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...