«Барқи тоҷик» бузургтарин қарздор аз андоз боқӣ мемонад

Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» бузургтарин корхонаи қарздори кишвар аз пардохти андоз аст. Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ба аввали соли равон қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» аз пардохти андоз беш аз 256 млн. сомонӣ (зиёда аз 77,5 млн. $)-ро ташкил медиҳад. «Қарзҳои дигари бузурги воҳидҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» бузургтарин корхонаи қарздори кишвар аз пардохти андоз аст.

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ба аввали соли равон қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» аз пардохти андоз беш аз 256 млн. сомонӣ (зиёда аз 77,5 млн. $)-ро ташкил медиҳад.

«Қарзҳои дигари бузурги воҳидҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об – 56 млн., ҶСК «НОБ Саннгтӯда-1» – 33 млн., ҶСК «Тоҷиктелеком» – 5,5 млн. ва ҶСК «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд – беш аз 4 млн. сомониро ташкил медиҳанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, қарзи аксари зиёди субъектҳо аз пардохти андоз 1-2 млн. сомониро ташкил дода, бо онҳо баҳсҳои судӣ идома доранд. «Дар муқоиса бо соли гузашта ба санаи 1-уми январи соли равон ҳаҷми бақияи қарзҳо аз андоз ба миқдори 109 млн. сомонӣ афзуда, ба 641 млн. сомонӣ баробар шуд», – гуфт раиси Кумитаи андоз.

Давлатов ҳамчунин гуфт, соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 5% барзиёд ба иҷро расида, аз нақшаи пешбинишудаи 4 млрд. 653 млн. сомонӣ ба буҷет 4 млрд. 881 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.