Кӯмаки БОР ба Тоҷикистон дар беҳбуди хизматгузориҳои гумрукӣ

Бонки осиёгии рушд (БОР) амалисозии лоиҳаи минтақавӣ оид ба азнавсозии гумрук ва рушди зербинои он дар Тоҷикистонро ба итмом расонид, ки баҳри беҳбуди шаффофият ва самаранокии хизматгузориҳои гумрукӣ бо мақсади рушди савдо ва пешбурди ҳамкории минтақавии гумрукӣ роҳандозӣ гардида буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, дар доираи амалисозии […]

ASIA-Plus


Бонки осиёгии рушд (БОР) амалисозии лоиҳаи минтақавӣ оид ба азнавсозии гумрук ва рушди зербинои он дар Тоҷикистонро ба итмом расонид, ки баҳри беҳбуди шаффофият ва самаранокии хизматгузориҳои гумрукӣ бо мақсади рушди савдо ва пешбурди ҳамкории минтақавии гумрукӣ роҳандозӣ гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, дар доираи амалисозии лоиҳа низоми ягонаи худкори иттилоотӣ барои коркарди эъломияҳои гумрукӣ таҳия ва дар 72 посгоҳи гумрукӣ ҷорӣ гардида, кормандони он бо тарзи истифодаи он омӯзонида шуданд.

«Ин низом ба беҳбуди мониторинги ҳамлу нақли бор тавассути марз ва расонидани он ба нуқтаи таъинот, беҳтар гардидани сифати назорати гумрукӣ, расмиёт ва ҷамъоварии боҷи гумрукӣ имкони мусоид фароҳам овард», – гуфтанд дар намояндагии БОР.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи амалисозии лоиҳа ҳамчунин ҷиҳати афзудани имконоти бештари расмиёти гумрук посгоҳҳои афзалиятноки гумрукии марзӣ бунёд ва аз таъмир бароварда шуда, барои онҳо автомашина, дастгоҳҳои рентгенӣ ва генераторҳои дизелӣ харида шудаанд.

«Мувофиқи маълумоти ҳисобот оид ба итмоми лоиҳа, вақти анҷом додани расмиёти воридот аз 10 рӯзи дар соли 2005 мавҷудбуда ахири соли 2011 то ба 1-2 рӯз кам шуда, дар давоми татбиқи лоиҳа ҳаҷми ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ беш аз 4 маротиба – аз 103 млн. $-и соли 2003 то ба 485 млн. $ дар соли 2011 афзуд», – иттилоъ дод манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.