Бори нахуст барномаи табодули зудраси маъумот ва зангҳои аудио ва видеоии «Скайп» ба забони тоҷикӣ (форсӣ) тарҷума шуда, барои истифодаи ройгон дастрас аст.
Ба гуфтаи ташаббускори ин иқдом, сокини шаҳри Душанбе Абдулфаттоҳ Шафиев, тарҷумаи мазкур ихтиёран аз ҷониби як гурӯҳи шахсони донандаи хуби барномаҳои компютерӣ, шабакаи Интернет ва забони тоҷикӣ бо мақсади таблиғ ва мавриди писанд қарор гирифтани забони тоҷикӣ дар ҷаҳони виртуалӣ ва ҳамчунин шахсони хоҳишманди истифода барномаи «Скайп» бо забони тоҷикӣ анҷом дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки барномаи «Скайп» соли 2003 аз ҷониби барномасозони Шветсия таҳия гардида, дар он беш аз 650 млн. адад аккаунтҳо боз шудаанд. Шумори бештари дар як вақт корбарони барнома (онлайн) то ба 40 млн. нафар мерасад, ки дар аксари шабакаҳои иҷтимоӣ ин шумори зиёди дар як замон корбаронро наметавон дарёфт намуд.
Ақидае роиҷ аст, ки дар Тоҷикистон нисбат ба «Скайп» барномаи М-агент – сервиси табодули маълумоти зудрас аз Майл.ру бештар писандида аст.
Шафиев мегӯяд, дар амалисозии иқдоми мазкур ҳамчунин саҳми Субҳиддин Раҷабзода, Мустафо Сурхов, Рамин Ҳодизода, Фарҳод Шарифов ва дигарон низ беандоза бузург аст ва касе аз онҳо барои он маблағе нагирифтааст. «Ин фарзияи аввали тарҷума буда, минбаъд он беҳтар карда мешавад ва насбу гузоштани барнома ҳам чун дигар барномаҳои ба ин монанд хеле содаву осон аст», – афзуд номбурда.



