Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ далелҳои навбатии паҳн кардани маводи мухаддир дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ошкор карда шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвыанди 35-сола Шафтолу Сабзалиев боздошт гардида, ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш аз дохили пакети селофанӣ маводи нашъадори навъи «ҳашиш», вазнаш 1 килою 654 грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон Маҷид Каримови 55-сола, Бизинат Ҷалоловаи 49- сола ва Ҳасан Собирови 40-сола боздошт шуда, аз онҳо зиёда аз 1,2 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.


