Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр, ба баррасии вазъи ҷамъоварии андозу пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳолати рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар пойтахт фаъолиятдошта бо мақсади мусоидат ба таъмини иҷрои нақшаи буҷети шаҳр дар соли 2013 таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Роҷеъ ба масъалаи мазкур гузориши сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе А. Воҳидов баррасӣ гашт. Бо хулоса аз он Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовини масъули Раиси шаҳр ва мақомоти андозу Сарраёсати молияи шаҳрро ҳамвора бо дигар мақомоти назорати давлатӣ ба масъалаи матраҳшуда нигаронида, дастур фармуд, ки назорати иҷрои пардохтҳои ҳатмӣ, ҷамъоварии андозро бо истифода аз муқаррароти қонунгузории кишвар, қабл аз ҳама нисбати хилофкорон пурзӯр намуда, оид ба рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии қарздор тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи вазъи санитарию экологӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва бо истифода аз мусоидати обуҳаво сафарбар намудани потенсиали сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ ба маъракаҳои ободонию ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳр низ баррасӣ шуд.


