Танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар Тоҷикистон

Date:


Имрӯз аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар қаламрави ҷумҳурӣ фармон ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармон бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку ва таъмини иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба имзо мерасад.

Мувофиқи фармони баимзорасида, аз 1-уми апрел фурӯши маҳсулоти тамоку дар қаламрави кишвар дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда мешавад.

«Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати мавриди амал қарор додани фармони мазкур аз санаи зикршуда уҳдадор мешавад», – омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related