ВМКБ: Маҳрумияти 200 муштарии филиали «Тоҷиктелеком» аз алоқа

Date:


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 200 нафар муштариёни телефонҳои бесими филиали «Тоҷиктелеком» аз алоқа  маҳрум шуданд.

Зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон муовини сардори филиали «Тоҷиктелеком» дар Бадахшон Зафар Бутабеков дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин вазъ аз кор бозмондани таҷҳизоти махсусе сабаб будааст, ки ҳанӯз ду сол пеш аз ҷониби мутахассисони Чин насб шуда будааст.

«Кӯшишҳои мутахассисони маҳаллӣ ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои он бентаиҷа анҷом ёфта айни замон таҷҳизот ҷиҳати таъмир ба идораи марказии «Тоҷиктелеком» фиристода шуд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Бутабеков, соли гузашта ҳаҷми хизматрасониҳои филиал дар вилоят ҳамагӣ 1,322 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2011 ба андозаи 18% камтар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2012 шумори муштариёни «Тоҷиктелеком» афзун ва ба 12 ҳазор нафар расидааст.

«Дар натиҷаи селу тармафароӣ дар ағбаи Хобуробот аввали баҳори соли гузашта, хатти оптикиву нахии таъмикунандаи алоқа миёни Душанбеву Хоруғ ва дигар манотиқи ВМКБ аз кор баромада, чанде аз ширкатҳои фароҳамсози алоқаи аз ин хат истифодакунанда ба алоқаи моҳвораӣ гузаштанд, ки ин низ ба коҳиши даромади филиал боис гардид», – зикр кард вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, маҳз ба ҳамин иллат даромад аз зангҳои байнишаҳрӣ низ ба маблағи қариб 110 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...