Беш аз 470 млн. $ даромади операторони мобилӣ ва провайдерони Тоҷикистон

Date:


Даромади умумии операторони мобилӣ ва интернет-провайдерони Тоҷикистон дар соли гузашта 2 млрд. 281 млн. 800 ҳазор сомонӣ ё худ 470,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар муқоиса бо соли 2011 соли гузашта ҳаҷми даромади ширкатҳои бахши алоқа ба андозаи 14,6% афзудааст.

«Маблағи даромад бо назардошти даромади оператори миллии алоқаи ҶСК «Тоҷиктелеком» зикр шуда, маблағи хизматгузориҳои танҳо ба аҳолӣ пешниҳодшуда бидуни назардошти корхонаву ширкатҳо ба 1 млрд. 87,5 млн. сомонӣ баробар шуд», – гуфтанд дар вазорат ва тавзеҳ доданд, ки дар бораи даромадҳои ҷудогонаи ширкатҳои бахши алоқа маълумот надоранд.

Ба иттилои манбаъ, соли 2012 шумори муштариёни бахши алоқа ба 8,3 млн. нафар, шумори муштариёни алоқаи собит ба 400 ҳазор нафар, корбарони шабакаи интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ ба 3,7 млн. нафар расидааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 6 ширкати оператори мобилӣ ва ҳудуди 10 ширкати фароҳамсози интернет (провайдерон) амал мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...