Беш аз 470 млн. $ даромади операторони мобилӣ ва провайдерони Тоҷикистон

Даромади умумии операторони мобилӣ ва интернет-провайдерони Тоҷикистон дар соли гузашта 2 млрд. 281 млн. 800 ҳазор сомонӣ ё худ 470,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар муқоиса бо соли 2011 соли гузашта ҳаҷми даромади ширкатҳои бахши алоқа ба андозаи 14,6% афзудааст. «Маблағи […]


Даромади умумии операторони мобилӣ ва интернет-провайдерони Тоҷикистон дар соли гузашта 2 млрд. 281 млн. 800 ҳазор сомонӣ ё худ 470,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар муқоиса бо соли 2011 соли гузашта ҳаҷми даромади ширкатҳои бахши алоқа ба андозаи 14,6% афзудааст.

«Маблағи даромад бо назардошти даромади оператори миллии алоқаи ҶСК «Тоҷиктелеком» зикр шуда, маблағи хизматгузориҳои танҳо ба аҳолӣ пешниҳодшуда бидуни назардошти корхонаву ширкатҳо ба 1 млрд. 87,5 млн. сомонӣ баробар шуд», – гуфтанд дар вазорат ва тавзеҳ доданд, ки дар бораи даромадҳои ҷудогонаи ширкатҳои бахши алоқа маълумот надоранд.

Ба иттилои манбаъ, соли 2012 шумори муштариёни бахши алоқа ба 8,3 млн. нафар, шумори муштариёни алоқаи собит ба 400 ҳазор нафар, корбарони шабакаи интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ ба 3,7 млн. нафар расидааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 6 ширкати оператори мобилӣ ва ҳудуди 10 ширкати фароҳамсози интернет (провайдерон) амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.