Таъсиси ситоди омодагӣ ба интихоботи ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии мудири шуъбаи интихоботи ҳизб ситоди омодагӣ ба интихоботи президентиро таъсис дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар ҷаласаи нахусти ситод масъалаи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии нозирон аз ҲНИТ дар комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудаанд. «Ситоди омодагии ҲНИТ ба маъракаи тирамоҳии интихоботи президент […]


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии мудири шуъбаи интихоботи ҳизб ситоди омодагӣ ба интихоботи президентиро таъсис дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар ҷаласаи нахусти ситод масъалаи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии нозирон аз ҲНИТ дар комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудаанд.

«Ситоди омодагии ҲНИТ ба маъракаи тирамоҳии интихоботи президент ба фаъолияти бахшиҳои ҳизб дар ин давра миёни муҳоҷирони корӣ, занон ва ҷавонон тақвият бахшиданист», – гуфт манбаъ.

ҲНИТ ба унвони ҳарифи асосии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. ҲНИТ соли 1973 дар шаҳри  Қӯрғонтеппа пинҳонӣ ба сифати гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ташкил гардида буд. Феълан шумори аъзои ҲНИТ беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил дода, дар палатаи поёнии парлумон ҲНИТ-ро ду нафар вакилон намояндагӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.