Ҳиссаи пахтаву алюминий дар содирот аз 70 то 56% поин рафт

Соли 2012 ҳиссаи умумии нахи пахта ва алюминий дар таркиби маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ҳиссаи пахтаву алюминий дар маҳсулоти содиротӣ аз 70%-и соли 2011 то ба 56% дар соли 2012 поин рафтааст. «Сабаби ин ҳархеласозии содирот аст. Дар таркиби содирот ҳиссаи […]


Соли 2012 ҳиссаи умумии нахи пахта ва алюминий дар таркиби маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ҳиссаи пахтаву алюминий дар маҳсулоти содиротӣ аз 70%-и соли 2011 то ба 56% дар соли 2012 поин рафтааст.

«Сабаби ин ҳархеласозии содирот аст. Дар таркиби содирот ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ, текстил, консентратҳои минералӣ ва дигар маҳсулот афзуданд», – иброз доштанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки ҳиссаи пахта дар таркиби маҳсулоти содиротӣ дар соли гузашта 16,5%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 0,8% бештар аст, вале ҳиссаи алюминий ба таври назаррас – аз 54,6%-и соли 20111 то ба 39,5% дар соли 2012 коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ба андозаи 2% коҳиш ёфта, 272,5 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...