Таъсиси хонаи виртуалии Бунёди «Ҳафт Пайкар»

Бунёди байнулмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон мавсум ба “Ҳафт Пайкар”, ки аз сӯи тарроҳи маъруфи тоҷик Мукаррама Қаюмова таъсис шудааст, соҳиби хонаи виртуалии худ гардид. Бино ба иттилои Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», «Ҳафт Пайкар», ки дар соҳаи дӯзандагии Тоҷикистон бо истифода аз омезиши услубҳои замонавию қадимаи миллӣ дар тавлидоташ маъруф аст, […]


Бунёди байнулмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон мавсум ба “Ҳафт Пайкар”, ки аз сӯи тарроҳи маъруфи тоҷик Мукаррама Қаюмова таъсис шудааст, соҳиби хонаи виртуалии худ гардид.

Бино ба иттилои Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», «Ҳафт Пайкар», ки дар соҳаи дӯзандагии Тоҷикистон бо истифода аз омезиши услубҳои замонавию қадимаи миллӣ дар тавлидоташ маъруф аст, торнигори расмии худро боз кард. Хонаи интернетии Бунёди мазкур бо истифода аз пойгоҳи маъруфи – Вордпресс сохта шуда, нишониаш чунин аст: www.7paykar.wordpress.com.

Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон мавсум ба «Ҳафт Пайкар» ҳамқадам бо таърихи истиқлоли давлатии кишвар сабти ном шудаву, акнун аз фаъолияти густурдаи он 20 сол сипарӣ мегардад. Аз он замон то ба имрӯз дастони моҳиру пурэъҷози бонувони “Ҳафт Пайкар” ҳазорон нақшҳои ҳайратовар ва маҳсулоти зебову ҷаззоб офаридаанд.

“Ҳафт Пайкар” дигар ба брэнде табдил гардидааст, ки бидуни он даҳҳо ҷашнвораву намоишгоҳҳоро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар тасаввур кардан имконнопазир аст. Мукаррама Қаюмова, муассис ва раҳбари бунёд, мегӯяд, аз он ифтихор дорад, ки маҳсули ранҷи дастони занони ҳамкори ӯ Тоҷикистонро ҳар сол дар даҳҳо намоишгоҳу чорабиниҳои милливу байнулмилалӣ бо муваффақият намояндагӣ мекунад. 

Торнигор дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сохта ва тарроҳӣ шудаааст. Барномаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария (СЕКО) аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ мегардад.

Торнигор бо се забон – инглисӣ, тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст. Дар он метавон оид ба таъриху дастовардҳои ширкат ва маҳсулоту хадамоташ иттилоъ дарёфт ва ҳамзамон пас аз шиносоӣ бо мушаххасоти вижаи ҳар маҳсулоти пешниҳодие метавон онро фармоиш дод.

Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсозии содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.