Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, узви Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талабаков дар робита ба аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон аз аввали моҳи феврал
ба муомилот баровардани тангаҳои арзишашон 1 ва дирам
изҳор намуд, ки ин амал аз мантиқ дур аст.
Ба эътиқоди вакил, ҳама гуна тангаи ба муомилот бароварда бояд хароҷот барои истеҳсоли онро пӯшонад, аммо тангаҳои арзишашон 1 ва 2 дирам ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд.
«Ғайр аз ин, ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон бо ин тангаҳо чизе харида наметавонӣ ва шаҳрвандони мо аксаран дар мағозаву бозор ва нақлиёт ҳатто бақияи 20-40 дирамии худро бозпас гирифта наметавонанд. Дар ин ҳолат ба муомилот баровардани ин тангаҳоро ба ҳеҷ гунае наметавон шарҳ дод», – таъкид кард Талбаков.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ин тангаҳо дар Қазоқистон истеҳсол шуда, теъдоди истеҳсоли онҳо сирри бонкӣ аст. Тангаҳои номбурда дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006 ва 2011, ки айни замон дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.


