Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ афзоиш меёбад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта 5 коргоҳ ва 5 корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ аз ҷумла: ҶДММ «Равзана пластик» ҶДММ «Стар Пласт», ҶДММ «Альфа Пет», ҶДММ «Суперпласт плюс» ва ҶММ «Суғд Пласт» ба истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ аз қабили профилҳои пластмассӣ, зарфҳои […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ афзоиш меёбад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта 5 коргоҳ ва 5 корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ аз ҷумла: ҶДММ «Равзана пластик» ҶДММ «Стар Пласт», ҶДММ «Альфа Пет», ҶДММ «Суперпласт плюс» ва ҶММ «Суғд Пласт» ба истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ аз қабили профилҳои пластмассӣ, зарфҳои пластмассӣ, плёнкаи полиэтиленӣ, пенопористероли сохтмонӣ, сатил ва тағораҳои полиэтиленӣ, борхалтаҳои полиэтиленӣ қутиҳои пластмасӣ барои рангҳои сохтмонӣ оғоз карданд.

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизот ва хатҳои технологӣ дар корхонаҳои мазкур насбгардида истеҳсоли Олмон, Австрия, Туркия ва Хитой буда, маҳсулоти истеҳсолии онҳо ба стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар бозори дохилӣ рақобатпазир аст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол,шумораи умумии корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар ҷумҳурӣ ба 14 адад расида, дар соли 2012 ба маблағи 50,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 19,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи умумии коргарон дар ин корхонаҳо 400 нафарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.