Боздиди роҳбарони макомоти интизомӣ аз воҳиди зиддитеррористии «Алфа»

Ахири ҳафтаи гузашта дар доираи ҳамкориҳои муштараки макомоти интизомии ҷумҳурӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов аз Воҳиди таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздид намуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, роҳбарони аввали мақомотҳои мазкур аз рафти доир намудани машқҳои […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар доираи ҳамкориҳои муштараки макомоти интизомии ҷумҳурӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов аз Воҳиди таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздид намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, роҳбарони аввали мақомотҳои мазкур аз рафти доир намудани машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ, безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ, озод намудани гаравгонҳо, техникаву лавозимоти ҳарбиву низомии дар ихтиёрдоштаи ин воҳид ва нақлиёту техникаҳои ҷангии он аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба омодабошии ҳамешагии ҳайати шахсии он баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ дар суханронии худ махсус қайд намуд, ки воҳиди мазкур дар бисёре аз амалиётҳои вазнини ҷангӣ, безараргардонии гурӯҳҳои махсусан хавфноку мусаллаҳ ва террористӣ иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон додааст. Дар муҳорибаҳо даҳҳо нафар афсарони шуҷоъи он барои оромиву суботи кишвари азизамон ҷони худро қурбон намуда, дар осоиштагиву вазъи ороми ҷумҳурӣ саҳми босазои худро гузоштаанд.

Дар ин боздид ҳамчунин роҳбарияти Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Ротаи зудамали милитсия ва Ротаи зарбазан низ иштирок намуда, аз сатҳи баланди касбии кормандони Воҳиди таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар хотимаи ин вохӯрӣ ба воҳиди  мазкур аз номи Вазири корҳои дохилӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.