Худкушии боз 3 нафар дар вилояти Суғд

Date:


Тайи ду рӯзи ахир дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз се нафар даст ба худкушӣ заданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл сокини 63-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Т.А. дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст.

«Дар ноҳияи Ғончӣ марди 45-сола, соҳиби чор фарзанд М.К. ва дар ҷамоати Шободи ноҳияи Ашт низ сокини 56-сола бо ҳамин восита даст ба худкушӣ задаанд», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо тафтишот ҷараён дошта, сабабҳои ба ин амал даст задани шахсони зикршуда мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, моҳи январи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 18 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (ҳамин давраи соли 2012 низ 18 ҳодиса), аз ҷумла 3 ҳодиса кӯшиши худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Миёни онҳо 7 нафарашонро мардону 1 нафарро писарчаи ноболиғ ва 10 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...