Таҷлили ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Чин

Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки намояндагони серушмори Вазорати мудофиаи Чин таҳти роҳбарии генерал-майор Си Говэй ва вазоратҳои мудофиаи дигар кишварҳои дӯст як маросими ботантана доир гардид. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, зимни суханронӣ дар назди ҳозирин сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов […]

ASIA-Plus


Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки намояндагони серушмори Вазорати мудофиаи Чин таҳти роҳбарии генерал-майор Си Говэй ва вазоратҳои мудофиаи дигар кишварҳои дӯст як маросими ботантана доир гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, зимни суханронӣ дар назди ҳозирин сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов мухтасар перомуни таърихи ташакул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва нақши муҳими он дар таъмини соҳибистиқлолии кишвар, амният ва тамомияти арзии мамлакат маълумот дод.

Сафир ба рушди босуръати ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид дошт, ки он ба манфиатҳои ҳарду давлат ҷавобгӯ буда, ба муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва дӯстии мардуми кишварҳо, таъмини сулҳу субот ва уствуворӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон мусоидат менамояд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июни соли гузашта Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин Чэн Бинде дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Барои сохтмони бинои шашошёнаи Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷониби Чин 90 млн. юан (тақрибан 14 млн. $) маблағ ҷудо кард. Сохтмони иншоотро ширкати чиноӣ ба ӯҳда гирифта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 200 нафар бинокорон ҷалб шудаанд, ки 80%-и онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд. Интизорӣ меравад, ки Хонаи афсарон ахири соли равон ба истифода дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ