Бо қарори суди шаҳси Исфара узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Абдуманнон Содиқов барои майдаавбошӣ ба муддати 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуд.
Тавре сомонаи расмии ҲНИТ иттилоъ медиҳад, дар маҷлисгоҳи идораи ҷамоати Сурх ҷаласаи занон бо иштироки муовини раиси шаҳри Исфара Ғаниева Олия, мудири шуъбаи дини ҳукумати шаҳр Аҳмадов Обидбой ва мудири бахши кор бо занони ҳукумат Алиматова мегузаштааст. Дар ин ҷаласа аъзои ҲНИТ низ даъват шуда будаанд.
Маннон Содиқов чун раиси бахши ҳизб мехост бидонад, ки суҳбат аз чӣ хусус аст, вале ин ҷаласа махсус барои занон гуфта, Содиқовро Аҳмадов нагузоштааст иштирок кунад, вале мувофиқи ҳалномаи суд ӯ такроран ба толор ворид шудааст ва гуфтааст, ки чаро аз чунин ҷаласа ӯ хабар надорад. Муовини раис ба ӯ гуфтааст, ки аз толор барояд, вале Содиқов ба ӯ дағалӣ нишон додааст. Раиси ҷамоати Сурх Содиқовро аз маҷлисгоҳ баровардааст.
Аз ин сабаб Ғаниева худро таҳқирдида шуморида, ба суд муроҷиат кардааст ва Аҳмадов ва Алиматова шоҳидӣ дода, тасдиқ кардаанд, ки Содиқов Ғаниеваро таҳқир кардааст.



