Моҳи январи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон ҳудуди 1,9 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 21%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 9 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 4,8 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ҳудуди 3 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.
«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.
Дар ҳамин ҳол, моҳи январ 891 нафар ба маблағи умумии беш аз 225 ҳазор сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.
Ба санаи 1-уми феврали соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ беш аз 75 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 52,6 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра наздики 400 нафар ба касбомӯзӣ ва 116 нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба 137 нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Ба иттилои Агентӣ, моҳи январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 6,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 12% камтар аст.



