Даъвои Ҳукумов нисбати «ИмрузNews» қонеъ шуд

Судяи суди Исмоили Сомонии пойтахт Шерзод Низомов даъвои Рустам Ҳукумовро қонеъ намуда, барои паст задани шаъну эътибор дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» рӯзномаи «ИмрузNews»-ро ба пардохти маблағи зарари маънавӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва расман узр пурсидан аз Р.Ҳукумов водор намуд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардабири […]

Маҳпора Киромова


Судяи суди Исмоили Сомонии пойтахт Шерзод Низомов даъвои Рустам Ҳукумовро қонеъ намуда, барои паст задани шаъну эътибор дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» рӯзномаи «ИмрузNews»-ро ба пардохти маблағи зарари маънавӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва расман узр пурсидан аз Р.Ҳукумов водор намуд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардабири рӯзнома ва муаллифи мақолаи зикршуда Назири Нусрат изҳор намуд, ки бо қарори суд норозӣ буда, аллакай ба зинаи таҷдиди назар шикоят омода мекунанд. «Мо бар ин назарем, ки судя дар тамоми ҷараёни мурофиа парвандаро бо тартиби якҷониба ба манфиати Ҳукумов баррасӣ намуд ва ин ҳолат аллакай бозгӯи он буд, ки чунин қарор қабул мешавад», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, судя қарори худро бо он асонок намудааст, ки ягон далели тасдиқкунандаи воқеияти мавзӯи дар мақола зикршуда мавҷуд нест, вале дар ҷаласаҳои қаблӣ худи судя якчанд дархости онҳоро, ки собитгари тибқи далелҳои муътамад навиштани мақола буданд, рад кардааст.

«Бо дарки ба манфиати Ҳукумов баррасӣ шудани ариза, мо бо ҳимоятгар Гулчеҳра Холматова ба суд бо дархост дар бораи эътирозамон ба судя ва рад шудани раисии ӯ муроҷиат кардем, вале ин ҳам қонеъ нагрдид», – мегӯяд сардабири рӯзнома.

Номбурда афзуд, рӯзнома ба ҳеҷ ваҷҳ бо ин қарори суд розӣ набуда, рӯзи 4-уми март ба суди зинаи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд.

Ҳимоятгари даъвогар Руҳумбой Худоёров ҳанӯз дар мурофиаи аввал аз пешниҳоди шарҳу тафсире дар ин хусус худдорӣ варзида, худи Рустам Ҳукумов дар ягон ҷаласа ширкат надоштааст.

 Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ Рустам Ҳукумов ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард. Дар аризаи даъвогӣ Р.Ҳукумов аз суд дархост намудааст, ки аз идораи рӯзнома ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнида шавад.

Нашри мавод дар рӯзнома таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» аз 16-уми октябри соли гузашта ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ боис гардидааст.

Соли 2010 Рустам Ҳукумов дар Русия ба иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи декабри соли 2011 аз рӯи ҳамин парванда бегуноҳ эътироф шуд.

Он замон аксари коршиносон эътирофи бегуноҳии Р.Ҳукумовро ба озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко рабт доданд, ки соли 2011 аз ҷониби суди Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, сипас бо қарори зинаи таҷдиди назари судӣ муҳлати ҷазояшон то 2 солу 6 моҳ кам ва аз толори суд озод гардида буданд.

Чӣ тавре ки қаблан раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зокир Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, дар даъвояш Рустам Ҳукумов изҳор доштааст, ки ӯ ба хулосаҳои журналист дар мавриди гӯё аз ҷониби ҳукуматдорони тоҷик «иваз шудани ӯ ба халабонони русиягиву эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз ҳабс» қатъиян розӣ нест ва тақозо кардааст, ки ин далел аз ҷониби идораи рӯзнома собит карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.