Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз 4 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 26 кило маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира карданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни амалиёти кормандони милиса дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва сокини 38-солаи шаҳри Хоруғ боздошт шуда, аз онҳо мутаносибан 10 ва 1 кило ҳашиш мусодира гардидааст.
Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд сокини 48-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 13 кило маводи нашъаовари ҳашиш боздошт шуда, дар минтақаи ҷануби кишвар низ аз кӯшиши даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст. Кормандони милисаи ноҳияи Шӯрообод як шахси қаблан се маротиба маҳкумшударо низ бо ҳудуди 2 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис бозлошт намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



