Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндаи доимии нави Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон – Акбар Алӣ Песнанӣ баргузор гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои хурдӣ обӣ-барқӣ дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин имконияти таъсиси корхонаҳои дӯзандагӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар вилояти Хатлон, сохтмони НБО-ҳои хурд (аз 2,5 то 5 мВТ) дар ҷумҳурӣ сохтмони НБО-и Себзор бо иқтидори 10 мВт, лоиҳаи гидроэнергетики Нерӯгоҳи барқӣ обии Санобод низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.



