Дархости муҳлатҳои зиёди зиндон ба гумонбарони қатли генерал

Дар ҷаласаи имрӯзаи навбатии судӣ оид ба барасии парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ба гумонбари асосӣ Оқил Айёмбеков 17,5 сол ва ба судшавандаи дигар Ҳамза Муродов 16,5 соли зиндон ва ба ҳарду адои ҷазо дар маҳбасхонаи низомаш шадидро таъин намояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзи Олӣ, ҳимоятгари гумонбаршудагон […]

Наргис Ҳамробоева


Дар ҷаласаи имрӯзаи навбатии судӣ оид ба барасии парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ба гумонбари асосӣ Оқил Айёмбеков 17,5 сол ва ба судшавандаи дигар Ҳамза Муродов 16,5 соли зиндон ва ба ҳарду адои ҷазо дар маҳбасхонаи низомаш шадидро таъин намояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзи Олӣ, ҳимоятгари гумонбаршудагон иттилоъ дод, айни замон суд ба хонаи машваратӣ хориҷ шуда, то 27-уми феврал танаффус эълон шудааст.

Ба қавли ҳимоятгар, Айёмбеков ба гуноҳи худ иқрор шуда, вале далели шайъӣ – корд то ҳанӯз пайдо нашудааст. «Муродов худро дар огоҳ накардан ба содир шудани ҷиноят гунаҳкор медонад, зеро ӯ дар макони ҳодиса ҳузур дошта, ҷонибҳоро ба созиш даъват кардааст», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи Файзи Олӣ, мурофиаи додгоҳӣ дар вазъи орому муътадил ҷараён дошта, назди бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хоруғ ҳеҷ издиҳоме ба мушоҳида намерасад ва дар толори суд танҳо наздикону хешовандони ҷониби ҷабрдидагон ва гумонбаршудагон ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми феврал дар бинои тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳии гумонбарон ба қатли генерал Абдулло Назаров

оғоз гардид

. Ба даст доштан дар куштори генерал ду тан аз сокинони Хоруғ – Оқил Айёмбеков, бародари яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва ҳамсояву дӯсти ӯ аз маҳаллаи «Хлебзавод» Ҳамза Муродов гумонбар дониста мешаванд.

Мурофиаро судяи Суди олии ҶТ Мирзо Каримов раисӣ карда, ҷониби айбдоркунандаи давлатиро намояндаи Прокуратураи генералӣ ва ҷониби ҷабрдидаро писари генерали кушташуда Умед Назаров намояндагӣ мекунанд. Дар мурофиа 14 нафар шоҳидони он ҳодисаи фоҷеабор, аз ҷумла ҳамроҳони генерал – кормандони мақомоти амният ва дигар шоҳидон аз ҳисоби аҳолӣ баёнот доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки генерал Назаров шоми 21-уми июли соли гузашта зимни бозгашт аз Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, кушта шуд. Автомашинаи ӯ аз ҷониби афроди номаълум боздошт шуда буд. Онҳо генералро аз автомашина берун ва бо корд якчанд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

То соли 2010 Абдулло Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, қаблан ба сифати сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд фаъолият дошт.

 Пас аз куштори генерал Абдулло Назаров ҷиҳати боздошт ё нобуд кардани гунаҳкорони қатли генерал, дар Хоруғ амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ роҳандозӣ шуда, тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни он 13 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик шумори талафёфтагонро ба маротиб бештар арзёбӣ мекунанд. Шумораи ҳалокшудагон миёни ба истилоҳ ошӯбгарон то ҳанӯз маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.