Боздошти шаҳрвандони Афғонистон бо героин

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ фаъолияти як гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадирро қатъ намуданд, ки муддати зиёде ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия тавассути қаламрави Тоҷикистон машғул будаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар ҷараёни як амалиёт роҳбарони эҳтимолии ин гурӯҳ – ду нафар шаҳрвандони Афғонистон бо делели […]

Наргис Ҳамробоева


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ фаъолияти як гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадирро қатъ намуданд, ки муддати зиёде ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия тавассути қаламрави Тоҷикистон машғул будаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар ҷараёни як амалиёт роҳбарони эҳтимолии ин гурӯҳ – ду нафар шаҳрвандони Афғонистон бо делели шайъӣ боздошт шудаанд, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе ба сар мебурдаанд.

«Зимни боздошт аз онҳо панҷ бастаи дорои 5 кило маводи мухаддири героини сифати баланд, ки эҳтимол дар яке аз озмоишгоҳҳои мухаддироти минтақаи шимоли Афғонистон истеҳсол шудааст, дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар Агентӣ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати боздошти афроди дигари ба ин гурӯҳи ҷиноятпеша муносибатдошта чораҳо андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.