Ҳукми 17 ва 16 соли зиндон ба қотилони генерал Назаров

Сокинони шаҳри Хоруғ Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов дар қатли генерал Абдулло Назаров гунаҳкор эътироф гардида, мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум шуданд. Ба андешаи Файзи Олӣ, ҳимоятгари маҳкумшудагон, ҳукм нисбати Айёмбеков «комилан қобили қабул» буда, худи ӯ низ бо ҳукм розӣ аст, вале агар аз болои он […]

Наргис Ҳамробоева


Сокинони шаҳри Хоруғ Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов дар қатли генерал Абдулло Назаров гунаҳкор эътироф гардида, мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум шуданд.

Ба андешаи Файзи Олӣ, ҳимоятгари маҳкумшудагон, ҳукм нисбати Айёмбеков «комилан қобили қабул» буда, худи ӯ низ бо ҳукм розӣ аст, вале агар аз болои он шикоят оварданӣ шавад, аз ҳуқуқии қонунии ӯ ҳимоя хоҳанд кард.

«Аммо аз болои ҳукм нисбати Муродов ба зинаи таҷдиди назар шикоят хоҳем бурд, зеро ӯ бевосита дар қатли генерал иштирок надошт ва танҳо амали содир шудани ҷиноятро пинҳон дошт, ки ба он набояд тибқи тамоми моддаҳои дар айбнома пешниҳодшуда – 104 (Одамкушӣ), 199 (Дуздии аслиҳа) ва 328 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) баҳо дода мешуд, балки ин амали вай бояд мувофиқи моддаи 347 (Огоҳ накардан ё пинҳон намудани содир шудани ҷиноят) баррасӣ мешуд ва мо инро аз суд дархост карда будем», – таъкид кард ҳимоятгар.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи навбатии рӯзи 26-уми феврал оид ба ин парванда айбдоркунандаи давлатӣ

аз суд дархост намуд

, ки ба гумонбари асосӣ Оқил Айёмбеков 17,5 сол ва ба судшавандаи дигар Ҳамза Муродов 16,5 соли зиндон ва ба ҳарду адои ҷазо дар маҳбасхонаи низомаш шадидро таъин намояд.

Санаи 19-уми феврал дар бинои тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳии гумонбарон ба қатли генерал Абдулло Назаров оғоз гардид. Ба даст доштан дар куштори генерал ду тан аз сокинони Хоруғ – Оқил Айёмбеков, бародари яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва ҳамсояву дӯсти ӯ аз маҳаллаи «Хлебзавод» Ҳамза Муродов гумонбар дониста шуда буданд.

Лозим ба ёдоварист, ки генерал Назаров шоми 21-уми июли соли гузашта зимни бозгашт аз Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, кушта шуд. Автомашинаи ӯ аз ҷониби афроди номаълум боздошт шуда буд. Онҳо генералро аз автомашина берун ва бо корд якчанд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

То соли 2010 Абдулло Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, қаблан ба сифати сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд фаъолият дошт.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.